<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><hymn_number>131</hymn_number>
<lyrics>[V1]
.    Em         A            G     D
 Сад шукр, ки моро баракат додӣ, Худоё,
.      Em       A           G      D
 Аз шафқату аз меҳри Ту гаштем сарафроз.
.     Em        A              G    D
 Аз нури рухат гашта мунаввар ҳама олам,
.    Em        A              G    D
 Рӯҳи Ту бубахшида ба мо шаҳпари парвоз.

[C1]
.  D             A       G        Em
   Роҳе ки ба мақсуд расонад ҳамагонро,
.  A             G         A          D
   Ин роҳ ҳамон роҳи шукӯҳманди наҷот аст.
.  D          A           G       Em
   Бинмой, Худоё, ба ҳама ин раҳу оин
.  A          G                A         D
   Аз рӯи муҳаббат, ки дар он рӯҳи ҳаёт аст.

[V2]
.    Em      A           G     D
 Бо созу навоҳои дилангез бихонанд
.  Em            A         G         D
 Номат ба забон дар ҳама ҷо мардуми дунё.
.     Em           A          G     D
 Дар васфи ту ҳар қавм суруде бисарояд
.     Em      A              G       D
 Бо шодию бо меҳр ҳам ин ҷову ҳам он ҷо.

[C2]
.   D             A         G       Em
   Дар рӯи замин роҳ ба ҳар сӯ бикушоем,
.   A          G          A       D
   Эй довари одил, Ту ҳидоятгари моӣ.
.   D          A         G        Em
   Адли Ту чароғест, ки хомӯш нагардад,
.   A          G          A         D
   Моро Ту ба ҳар бодия равшангари роҳӣ.

[V3]
.   Em         A          G        D
 Пурбор замин гашта зи файзи Ту, Худоё,
.     Em      A            G     D
 Дар сояи эҳсони Ту мардум ҳама шоданд.
. Em       A               G       D
 Моро баракат додӣ Ту, эй Холиқи якто,
.  Em        A           G     D
 Аз файзи каломат ҳама ҷӯёи муроданд.</lyrics>
<title>Ба пайравии таронаи 66 дар китоби Забур Хд131</title>
<key>D</key>
</song>